Апрел 08, 2024 19:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш
    Ҳамкории Тоҷикистон ва Фаронса дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориҳои худро дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият мекунанд.

Ба манзури тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва фаронса дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Зулфиқаҳори Гулаҳмадзода раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши зери назари давлати Тоҷикистон бо Алсо Пинюл сафири фавқулода ва томи алохтёри Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистони дидоругуфтугу кард.

Дар ин дидори пайромуни масоили марбут ба рушди равобити дуҷониба дар заминаи кор бо ҷавонон ва варзиш, иҷрои ҳамкории байни мадориси варзишии ду кишвар, баррасии таҷрибиёти варзишкорони олимпики Фаронса дар Тоҷикистон ва омодасозии тими олимпики Тоҷикистон барои бозиҳои олимпики тобистонии Порис 2024 иҷрои тарҳҳои муштарак мавриди баҳсу баррас қарор гирифт.

Тарафайн бар тақвияти ҳамкориҳо ва тарвиҷи мушорикати фаъоли ҷавонон ва варзишкорони ду кишвар дар руйдодҳои байналмилалӣ ки дар Тоҷикистон ва Фаронса баргузор мешавад тавофуқ карданд.