Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардум барои парҳез аз исрофу худнамоӣ
(last modified Tue, 09 Apr 2024 07:21:57 GMT )
Апрел 09, 2024 12:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардум барои парҳез аз исрофу худнамоӣ
    Дархости Эмомалӣ Раҳмон аз мардум барои парҳез аз исрофу худнамоӣ

Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистони сокинони ин кишварро ба дур аз исрофи корӣ таҷаммулгароӣ даъват кард .

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати иди Саиди Фитр иброз хурсандӣ кард, ки мардум моҳияту фавойиди “ Қонӯни танзими суннатҳоу маросим “ро дарк кардаанд.

Вай тасреҳ кард , имрӯз пасандози шаҳрвандон сарфи беҳбуди вазъияти маишатӣ , сохту соз ва  беҳсозии манозили маскунӣ мешавад .

Image Caption

Ба гуфта раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон , гузари замон ва аз сӯи дигар , вазъияти печида ва душвории рӯзафзӯни таъмини ғизоии мардуми кураи замин , паёмадҳои тағироти иқлимӣ - кам обӣ ва хушксолӣ дар аксари манотиқи кишвари ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон , дурустии гомҳои бардошта шуда дар ин росторо нишон медиҳад .

Раиси Ҷумҳӯр бо баёни инки ҳамватанон сахтиҳо ва  гурӯснагиҳои ҷанги дохилии таҳмилиро ба хубӣ ба ёд доранд , аз ҳамаи хонаводаҳо ва  сокинони кишвари хост дар баргузории маросим дучори исроф , зиёда равӣ , худнамоӣ ва риё нашаванд .

Вай таъкид кард ба ҷои худнамоӣ ва зиёдахоҳӣ , саъй кунем беҳтарини шароитро барои таълиму тарбияти фарзандонамон фароҳам кунем ва ғизо , пӯшоку васоили мактабро бо кайфият ва бо ҳадафи иртиқои бештар дар ихтиёри онҳо қарор диҳем .

Image Caption