Пешниҳоди мамнӯияти истифодаи қалён дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хост, истифодаи қалёнро, ки солҳои ахир истифода аз он афзоиши чашмгире ёфтааст, мамнӯъ кунад.
Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфт, Қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку” аз тарафи гурӯҳи кории ин вазорат дар таҳрири ҷадид ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст ва агар ҳукумату дигар ниҳодҳои марбута, аз ҷумла парлумон ин тарҳро таъйид кунанд, заминаи мамнӯияти комили истифодаи қалён дар Тоҷикистон фароҳам мешавад. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон афзуд, дар ин тарҳи ҷадид ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки масрафи қалён то ҳадди имкон маҳдуд ва дар мавриди истифодаи он муқаррароти лозим ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, дар тарҳи ҷадиди Қонун "Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку" барои аввалин бор маҳдудияти масрафи сигорҳои электронӣ ворид шудааст.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъкид кардааст, масрафи қалён барангезандаи бемориҳои саратон, дилу рагҳо мебошад ва ҳамзамон метавонад сарчашмаи густариши бемориҳои сироятӣ, монанди сил шавад.