Апрел 12, 2024 18:09 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
    Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар мераванд, ки Русия пазирандаи асосии онҳо мебошад

Ба гузориши “Спутник”, раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати авзоъ дар ҷаҳон ҳушдор дода, ба рушди Ватан ва афзоиши тавлидоти дохилӣ таъкид намуд.

Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд, дар хитоб ба фаъолону масъулини вилояти Суғд, хостори коҳиши шиддати муҳоҷирати корӣ шуд.

Ӯ аз вазъи ниҳоят мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ёдовар шуду афзуд, ки дар ин шароит бояд ҳарчӣ бештар кор кард.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Ватанамонро боз ҳам обод гардонем, истеҳсоли маҳсулотро афзоиш диҳем, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд намоем, барои ҳамдиёронамон ҷойҳои корӣ муҳайё кунем ва шиддати муҳоҷирати кориро то тавонем коҳиш диҳем.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ин ҳамаи шароиту имкониятҳо, ба хусус дар самти коркарди маҳсулот, рушди ҳунармандиву косибӣ, атласу адрасбофӣ, қолибофӣ, заргариву кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ мавҷуданд.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон ба рушди дохилӣ ва коҳиши шиддати муҳоҷирати корӣ дар ҳолест, ки ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ барои таъминоти рӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар мераванд.

 

Барчасп