Фаъолияти як ташкилоти қарздиҳии дигар дар Тоҷикистон қатъ шуд
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти ташкилоти қарздиҳии "Ренессанс-кредит"-ро лағв кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, бо таваҷҷуҳ ба тасмими ин бонк ташкилоти қарздиҳии "Ренессанс-кредит" барои довталабона қатъ кардани фаъолият ва пардохти қарзҳояш бояд як комиссияи вижа роҳандозӣ кунад. Тибқи ин гузориш, ин комиссия муваззаф аст, ба Бонки миллии Тоҷикистон гузориши тавозунӣ ва дигар иттилооти лозимро пешниҳод намояд.
Иҷозаи фаъолияти ташкилоти қарздиҳии "Ренессанс–кредит" дар соли 2008 аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон содир шуда буд.
Гуфтанист, бар асари буҳрони молӣ дар Тоҷикистон, ки баъд аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия оғоз гашт, чандин муассисаи молӣ дар Тоҷикистон муфлис шуд.