Апрел 15, 2024 11:10 Asia/Dushanbe
  • Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд
    Мулоқоти вузарои хориҷаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Бахтиёр Саъидов , вузарои умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар таърихи 14 апрел дар Тошканд баргузор шуд .

Ба гузориши "Ховар” ба нақл аз Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , дар ин дидор тарафайн дар хусӯси вазъияти мавҷӯд ва чашмандоз равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯби Созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ баҳсу табодули назар карданд . Масоили марбут ба омодагӣ барои сафари давлатии раисиҷумҳӯри Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт .