Апрел 17, 2024 13:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милал
    Баррасии ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милал

Масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақаии дипломатияи пешгиронаи Созмони Милали Муттаҳид дар Ишқобод баррасӣ шуд.

Вафо Ниятбекзода, сафири фавқулода ва томулихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон дар Ишқобод бо Каха Имнадзе, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раиси Маркази минтақаии дипломатияи пешгиронаи СММ дар умури Осиёи Марказӣ дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкориҳои чандҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази минтақаии дипломатияи пешгиронаи Созмони Милал дар умури Осиёи Марказӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

 

Барчасп