Ибрози нигаронии Душанбе аз вазъияти душвори шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳои Маскав
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе вазъияти шаҳрвандони ин кишварро ки дар фурудгоҳҳои Русия гирафтодаанд , ҳамчунон душвор унвон карду хостори ҳамкории Маскав барои тасҳили вуруди онҳо ба ин кишвар шуд .
Ба гузориши рӯзи душанбеи Ирно ин Вазоратхонаи Тоҷикистон эълом кард ки тоҷикҳо дар фурудгоҳҳои Маскав дар шароити бади нигаҳдорӣ ва бархе аз онҳо ба « феҳристи ихроҷ шудагон » изофа мешаванд . Ба гуфта ин Вазоратхона фақат то 27 апрел ( 8 урдибиҳишт ) , 954 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд дар минтақа « боздошти муваққат » дар фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешуданд .
Ин Вазоратхона афзӯд ки пас аз соъатҳо интизор дар марзи фурӯдгоҳ , саранҷоми 322 шаҳрванди Тоҷикистони ворид Русия шуданд . Дар айни ҳол мақомоти Русия зоҳиран қасд доранд 306 нафари дигарро ба « феҳристи ихроҷ » изофа кунанд.
Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ин баёнияе эълом кард : Чунин иқдомоти маҳдӯдкунандае мунҳасиран барои шаҳрвандони Тоҷикистон аъмол мешавад.
Бар асоси ин баёния , вазъияти душворӣ низ дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва Шереметиевои Маскав ҳокимаст ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидӯни шароити муносиб дар « манотиқи боздошт » нигаҳдорӣ мешаванд .
Ин баёния афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба инки ба шаҳрвандони саргардони Тоҷикистони ғизои гарми кофӣ ироа намешавад , дипломатҳои Тоҷикистон бо ҳамкории намояндагони ташаккули диаспора ( Ҷавомеъи дур аз ватан ) дар ҳоли таҳвили ғизо ба онон дар фурудгоҳи Внуково ҳастанд . Дар ин паём омадааст ки сервиси консулии намояндагии дипломотики Тоҷикистон дар Маскав як ситоди амалиётии 24 соъата ифтитоҳ кардааст .