Ибрози нигаронии Душанбе аз вазъияти душвори шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳои Маскав
(last modified Mon, 29 Apr 2024 09:24:18 GMT )
Апрел 29, 2024 14:24 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Душанбе аз вазъияти душвори шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳои Маскав
    Ибрози нигаронии Душанбе аз вазъияти душвори шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳои Маскав

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе вазъияти шаҳрвандони ин кишварро ки дар фурудгоҳҳои Русия гирафтодаанд , ҳамчунон душвор унвон карду хостори ҳамкории Маскав барои тасҳили вуруди онҳо ба ин кишвар шуд .

Ба гузориши рӯзи душанбеи Ирно ин Вазоратхонаи Тоҷикистон эълом кард ки тоҷикҳо дар фурудгоҳҳои Маскав дар шароити бади нигаҳдорӣ ва бархе аз онҳо ба « феҳристи ихроҷ шудагон » изофа мешаванд . Ба гуфта ин Вазоратхона фақат то 27 апрел ( 8 урдибиҳишт ) , 954 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷумла донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд дар минтақа « боздошти муваққат » дар фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешуданд .

Ин Вазоратхона афзӯд ки пас аз соъатҳо интизор дар марзи фурӯдгоҳ , саранҷоми 322 шаҳрванди Тоҷикистони ворид Русия шуданд . Дар айни ҳол мақомоти Русия зоҳиран қасд доранд 306 нафари дигарро ба « феҳристи ихроҷ » изофа кунанд.

Вазорати умӯри хориҷаи Тоҷикистон дар ин баёнияе эълом кард : Чунин иқдомоти маҳдӯдкунандае мунҳасиран барои шаҳрвандони Тоҷикистон аъмол мешавад. 

Бар асоси ин баёния , вазъияти душворӣ низ дар фурудгоҳҳои Жуковский, Домодедово ва  Шереметиевои Маскав ҳокимаст ки даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бидӯни шароити муносиб дар « манотиқи боздошт » нигаҳдорӣ мешаванд .

Ин баёния афзӯд : Бо тавваҷуҳ ба инки ба шаҳрвандони саргардони Тоҷикистони ғизои гарми кофӣ ироа намешавад , дипломатҳои Тоҷикистон бо ҳамкории намояндагони ташаккули диаспора ( Ҷавомеъи дур аз ватан ) дар ҳоли таҳвили ғизо ба онон дар фурудгоҳи Внуково ҳастанд . Дар ин паём омадааст ки сервиси консулии намояндагии дипломотики Тоҷикистон дар Маскав як ситоди амалиётии 24 соъата ифтитоҳ кардааст .