Апрел 30, 2024 14:55 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши Наврӯз дар Арабистон бо ҳузури Тоҷикистон

Ҳамоиши ҷашни Наврӯз дар сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Ховар дар ин маросим шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Арабистон, намояндагони дастгоҳи дипломосии Тоҷикистон мустақар дар Риёз, намояндагони маҳфилҳои расмӣ ва кории Арабистон ва хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ ширкат карданд.

 Дар ин ҳамоиш ҳамроҳ бо иҷрои барномаи мусиқӣ бо ҳузури ҳунармандони дохилӣ, суфраи наврӯзӣ бо ғизоҳои миллии Тоҷикистон тазйин ва гӯшаи фарҳангӣ барои ироаи таърих, фарҳанг ва тамаддуни бостонии тоҷикон таъсис шуд.

 

Барчасп