Май 01, 2024 19:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоли таҷрибаҳо ва дастовардҳои ширкатҳои донишбунёни ҳавзаи моҳипарварӣ ба Тоҷикистон

Раиси Анҷумани миллии парвариши моҳии Тоҷикистон дар боздид аз Хона навоварӣ ва фановарии Эрон ҳамзамон бо барпоии намоишгоҳи ЭронЭКСПО 2024 бо мудирони бархе ширкатҳои донишбунёни фаъол дар ин ҳавза дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бозаргонон ва фаъолони бахшҳои тавлидӣ ва тиҷории Тоҷикистон, ки барои боздид аз намоишгоҳи Эрон ЭКСПО 2024 дар маҳалли доимии Намоишгоҳҳои байналмилалии Теҳрон ҳузур ёфтанд аз ғурфаҳои мухталифи арзаи маҳсулоти ширкатҳои донишбунён дар Хонаи навоварӣ ва фановарии Эрон боздид карданд.

 Аъзои ин ҳайат бо истиқбол аз тавлидоти ин ширкатҳо дастовардҳои донишбунёни бахши кишоварзиро чашмгир тавсиф карданд.

Беш аз 70 дарсади ҷамъияти кори Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ кор мекунанд ва фарсуда будан ва камбуди воситаҳои кошт, дошт ва бардошти маҳсулоти кишоварзӣ, мизон тавлидро дар ин кишвар, ки бахши асосиии он ба кишоварзӣ машғул аст, бисёр коҳиш додааст.

  Тоҷикистон заминаи бисёр муносиб ва омодае барои арзаи мошинолоти кишоварзии Эрон аст ва тоҷикҳо низ дар ин намоишгоҳ нишон доданд, ки аз маҳсулоти Эрон ба далели сифати хуб ва созгор будан бо шароити кишоварзии Тоҷикистон ба гармӣ истиқбол мекунанд.

 Раис Анҷумани миллии парвариши моҳии ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин боздид гуфт: Баргузории чунин намоишгоҳҳое таъсири мустақиме дар раванди афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар дорад.

Баротов зимни таъкид бар инки мо ба думболи тиҷорат ва тавсеаи ҳамкориҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон ҳастем,изҳор дошт: Умедвор ҳастем боздиди имрӯзи мо мӯҷиби ошноии бештари тоҷирон ва бозаргонони тоҷик бо дастовардҳои Эрон ва муаррифии тавонмандиҳои тавлидӣ ва саноъатии эрониён шавад.

Вай дар идома ба ҷаззобияти ширкатҳои донишбунёни эронӣ дар ҳавзаи парвариши моҳӣ ишора кард ва афзуд: Мо дар Хонаи навоварӣ ва фановарии Эрон бо мудири омили як ширкати парвариши моҳӣ, ки дорои бузургтарин мазрааи парвариши моҳии ховиёрӣ(икра) дар манотиқи ғайрисоҳилии Эрон аст , музокироте анҷом додем.

 Ин ширкат бо пешрафтатарин фановарии рӯз, солона 120 тон гӯшт ва се тон ховиёрро ба бозор арза мекунад, ки ин қобилият ва тавоноӣ барои Тоҷикистон бисёр ҷаззоб ва корбурдӣ аст.

 

Барчасп