Январ 08, 2017 11:29 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 1 миллиард сомонӣ барои маориф ва тандурустии вилояти Суғд

Шӯрои намояндагони вилояти Суғд бо ихтисоси беш аз 1 миллиард сомонӣ барои бахшҳои маориф ва тандурустии ин минтақа, дар соли ҷорӣ мувофиқат карданд.

Ба гузориши сойти Авесто, дар нишасти Шӯрои намояндагони вилояти Суғд буҷаи ин минтақа барои соли 2017 тасвиб шуд, ки бахши умдаи ҳазинаҳо ба беҳбуди авзои маориф ва тандурустӣ дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси ин гузориш, дар соли ҷорӣ буҷаи вилояти Суғд ба маблағи 1 миллиарду 698 миллион сомонӣ тасвиб шудааст, ки барои бори нахуст дар таърихи ин минтақа пас аз истиқлоли Тоҷикистон беш аз 1 миллиард сомонӣ барои рушди бахшхои маориф ва тандурустӣ  ихтисос дода шудааст. Ба ин манзур дар буҷаи вилояти Суғд барои соли 2017 ба бахши маориф 693 миллион сомонӣ, тардурустӣ  370 миллион сомонӣ ва таъмини иҷтимоӣ 13 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.  

Вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон дар масоҳате ба вусъати 25 ҳазору 400 километр воқеъ шуда ва теъдоди ҷамъият он, наздик ба 2 миллиону 500 ҳазор нафар мебошад.