Иштироки ноширони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон
150 намуна китобҳои бадеъӣ, илмӣ ва таърихии интишороти Тоҷикистон ба намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон пешниҳод шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар; 150 намунаи китобҳои бадеъӣ, илмӣ ва таърихии муассисоти интишороти Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ки дар Теҳрон оғоз шуд ва то 18 май идома хоҳад кард, ширкат доранд. Ин намоишгоҳ беҳтарин фурсатро барои ҳамкорӣ бо нависандагон ва ноширони ин кишвар фароҳам мекунад.
Ин намоишгоҳ аз назари вусъати ҳавза, теъдоди кишварҳои ширкаткунанда, теъдоди ноширони дохилӣ ва хориҷӣ ва теъдоду ановини китобҳои ироашуда дар минтақа беназир аст.
Дустдорони китоби Эрон алоқаи зиёди ба ғурфаи Тоҷикистон доранд бисёри аз мардум замони зиёдиро сарфи тамошо ва тавваҷуҳ ба таърихи кишвар мо мекунанд ва саволҳои зиёдиро дар бораи вазъияти кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг мекунанд.
Ширкат дар намоишгоҳҳои байналмилалии китоби Теҳрон ва Душанбе яке аз арсаҳои ҳамкории вазоратхонаҳои фарҳанги ду кишвари дусти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломӣ Эрон аст.