Худдорӣ аз барномаҳои фароғатӣ ба нишони ҳамдардӣ бо Эрон дар Тоҷикистон
Мақомоти кишвари ҳамзабон ва қадршиноси Тоҷикистон ба нишони ҳамдардӣ бо миллат ва давлати Ҷ И Эрон дастур ба худдорӣ аз барномаҳои фароғатӣ додаанд.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,Нуриддин Саид,раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзуъ гуфтааст, тамоми шабакаҳои радиоӣ ва телевизионии ин кишвар зарфи ду рӯз аз пахши барномаҳои фароғатӣ худдорӣ хоҳанд кард. Раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ин иқдомро ба нишони ҳамдардӣ ва адои эҳтиром ба мақомоти олии ,ки бар асари як сонеҳа ҷон бохтанд, тавсиф кард .
Нуриддин Саид таъкид кард:"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо, Эрон аст",
Рӯзи 19 май, раисҷумҳури Эрон, Саид Иброҳим Раисӣ ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, аз ҷумла Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар бар асари сарнагунии чархболашон дар вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон ба шаҳодат расиданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, як барқияи сӯгворӣ ба Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисҷумҳури ин кишвар фиристода буд. Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон унвонии ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ аз ҷумла чунин зикр шудааст:
Мо ба шахсияти Сайид Иброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.
Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.
Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем
Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ,раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба Муҳаммадбоқири Қолибоф,раиси Маҷлиси Шурои Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ равона кардааст.