Май 29, 2024 10:02 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси дафтари намояндагии шиноснома ва визаи Русия дар Тоҷикистон
    Таъсиси дафтари намояндагии шиноснома ва визаи Русия дар Тоҷикистон

Дафтари намояндагии Муассисаи федерали воҳиди давлатии Хадамоти шиноснома ва визаи Вазорати умури дохилии Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия, Гулнора Ҳасанзода, вазири кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири намояндагон дар ифтитоҳияи ин дафтари намояндагӣ ширкат карданд.

Ҳадафи аслӣ аз таъсиси ин намояндагӣ, анҷоми баррасиҳои қабл аз сафар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ин имконро доранд, ки дар дохили кишвар баррасиҳои сабти асари ангушту иттилоъ аз мамнуияти вуруд ба Федератсияи Русияро анҷом диҳанд.

 

Барчасп