Таҷлили рузи ҷаҳонии муҳити зисти дар шаҳри Душанбе
Дар шаҳри Душанбе бо ҳамкори бо кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар муассисаи давлатии Наврузгоҳ рузи байналмилалии ҳифзи муҳити зист баргузор гардид.
Нахуст меҳмонону иштирокчиён бо намоишгоҳи дастовардҳои соҳа ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт ва муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбии ҳудуди пойтахт ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуда, ба анвои гуногуни маҳсулоти ба намоиш гузошта баҳои баланд доданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода доир ба ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.
Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист чанд озмуну мусобиқа баргузор карда шуда, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо суруду таронаҳои тараннумгари меҳанпарастиву ватандӯстӣ дар иҷрои ҳунармандони касбӣ пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.