Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо муовини дабири кулли СММ
Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Ли Ҷунҳуа, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури иқтисодиву иҷтимоӣ дидору гуфтугӯ кард.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ба лутфи ҳамкории муассир байни Тоҷикистон ва СММ, ба вижа бо дафтари СММ, ибтикороти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди ҳимояти густарда қарор гирифтааст, ки тасвиби даҳ мусаввабаи марбут ба обу иқлим тавассути Маҷмаи умумии СММ гувоҳи ин гуфтаҳост.
Дар ин дидор масоили марбут ба об шудани пиряхҳо, тағйироти обу ҳавоӣ, паёмадҳои асароти манфии он, ҳифозат аз муҳити зист ва афзоиши зарфияти тавлиди энержии сабз мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз талошҳои дафтари умури иқтисодиву иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар ростои тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба дар заминаи илм, фанноварӣ ва навоварӣ ва дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаи пойдор ҳимоят мекунад.