Дастгирии 8 тоҷикистонӣ ба иттиҳоми иртибот бо ДИИШ дар Амрико
Шабакаи nbc ба нақл аз манобеъи амрикоӣ аз дастгирии ҳашт нафар аз Тоҷикистон ба гумони иртибот бо созмони террористии ДИИШ хабар дод.
Вебгоҳи ART-и арабӣ навишт: «Бар асоси иттилооти шабакаи NBCI, ин афрод тайи як амалиёти вежа тавассути FBI дар Лос-Анҷелес, Нию-Йорк ва Филадилфия дастгир шуданд. Ҳамаи онҳо аз тариқи марзи ҷанубии ин кишвар вориди хоки Иёлоти муттаҳида шуда буданд».
Ин шабака изофа кард, ки FBI чандин моҳ аст, ки дастгиршудагонро таъқиб кардааст ва хотирнишон кард, ки ҳанӯз ҳеҷ иттиҳоме дар бораи таҳияи як иқдоми террористӣ алайҳи онҳо матраҳ нашудааст ва далели расмии дастгирии онҳо ба далели поймолсозии қонуни муҳоҷират аст.
Рӯзномаи Нию-Йорк пост низ ба навбати худ эълом кард, ки шаш тан аз боздоштшудагон аҳли Тоҷикистон ва дорои тобеияти Русия ҳастанд. Вай афзуд, ки FBI ҳангоми гӯш додан ба тамосҳои телефонии боздоштшудагон мутаваҷҷеҳ шуда, ки “яке аз онҳо дар мавриди бомб сӯҳбат мекунад.” Ба нақл аз манобее, ки номашон фош нашудааст, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки сӯҳбатҳо дар мавриди омода шудан барои як ҳамлаи террористии мушобеҳи трагедияи марафони Бостон дар соли 2013 бошад.
Пеш аз ин Кристофер Раъй, раиси FBI дар суханронии худ дар кумитаи тахсиси Сенати Амрико дар бораи эҳтимоли вуқӯъи як ҳамлаи террористӣ дар Амрико мушобеҳи ҳамлаи террористие, ки дар Маркази Крокуси Русия дар атрофи Маскав рух дод, эълом кард.