Нишасти умумии Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳузури Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбури Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i115924-Нишасти_умумии_Созмони_Ҳамкории_Шанхай_бо_ҳузури_Тоҷикистон_дар_шаҳри_Екатеринбури_Русия
Дар шаҳри Екатеринбури Федератсияи Русия, дар чорчӯби баргузории намоишгоҳи байналмилалии “INNOPROM -2024”, нишасти умумии Созмони Ҳамкории Шанхай, баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 11, 2024 09:30 Asia/Dushanbe
  • Нишасти умумии Созмони Ҳамкории Шанхай бо ҳузури Тоҷикистон дар шаҳри  Екатеринбури Русия

Дар шаҳри Екатеринбури Федератсияи Русия, дар чорчӯби баргузории намоишгоҳи байналмилалии “INNOPROM -2024”, нишасти умумии Созмони Ҳамкории Шанхай, баргузор шуд.

Сарпарастии ҳайати Тоҷикистон дар ин нишаст бар ӯҳдаи Шералӣ кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви конфронси вазирони саноати Созмони Ҳамкории Шанхай буд.

Мавзӯи аслии ин нишаст, “Уфуқ 2035: Созмони Ҳамкории Шанхай – меҳвари иқтисоди ҷаҳонӣ” буд, ки дар он Шералӣ Кабир дар мавриди нақши Созмони Ҳамкории Шанхай ба унвони як платформи байни давлатии таъсиргузору мушорикаткунанда дар системаи байналмилалӣ суҳбат кард.