Январ 12, 2017 10:29 Asia/Dushanbe
  • Гуруснанишинии Бузургмеҳр Ёров ва фирори вакили мудофеи вай аз Тоҷикистон

Теъдоде аз фаъолони ҳуқуқи башар аз гуруснанишинии Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ба 26 сол зиндон маҳкум шудаи Ҳизб мамнӯъ шудаи наҳзати исломии ин кишвар ва фирори вакили мудофеи вай аз Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба гузориши сойти Ахбор, хонум Файзинисо Воҳидова ва Дагир Хасавов ду мудофеъи ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон ва Русия аз оғози гуруснанишинии Бузургмеҳр Ёров ва фирори хонум Муаззама Қодирова вакили мудофеъи вай аз Тоҷикистон хабар додаанд.

Дагир Хасавов, мудофеъи ҳуқуқи башари Русия таъкид кардааст, ки ба далели оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи хонум Муаззама Қодирова –вакили мудофеъи вай, ин фард маҷбӯр ба фирор аз Тоҷикистон шудааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе дар моҳи октябри соли 2016, Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми ифротгарӣ, барангехтани ихтилофоти миллӣ ва динӣ, тавҳин ба раисиҷумҳур ва даъват ба барандозии низоми сиёсии Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум карда буд.

Аммо ин додгоҳ дар рӯзи 6 январи соли ҷорӣ дар пайи шикояти Рустам Тақдирзода, додситони парвандаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуруддин Маҳкамов ду вакили мудофеи Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии ин кишвар, ки муддаӣ шудааст дар охирин ҷаласаи муҳокимаи онон дар додгоҳи Душанбе, Ёров алайҳи намояндаи додситонӣ ва қозӣ ҳарфҳои тавҳиномез задааст, 3 соли дигар ба 23 сол ҳукми маҳкумияти қаблии вай изофа кард.