Камбуди 1 ҳазор пизишк ва 4 ҳазор парастор дар Тоҷикистон
(last modified 2017-01-12T05:58:20+00:00 )
Январ 12, 2017 10:58 Asia/Dushanbe
  • Камбуди 1 ҳазор пизишк ва 4 ҳазор парастор дар Тоҷикистон

Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон аз камбуди 1 ҳазор пизишк ва 4 ҳазор парастор дар марокизи дармонии ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши  сойти Топтҷ, хонум Саида Умарзода, тайи нишасти хабарии ахири масъулини ин вазоратхона дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар марокизи дармонии ин кишвар бо камбуди 1 ҳазор пизишк ва 4 ҳазор парастор рӯба рӯ мебошанд.

Вай таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон бо ҷамъияти беш аз 8 миллиону 500 ҳазор нафар наздик ба 17 ҳазору 745 пизишк ва 45 ҳазору 880 парастор дар марокизи дармонии ин кишвар ба фаъолият машғул мебошанд. Бар асоси ин гузориш дар Тоҷикистон барои ҳар 10 ҳазор ҷамъияти ин кишвар дар шаҳри Душанбе 77 пизишк, вилояти Бадахшон 23 пизишк ва вилояти Суғд 20 пизишк хадамоти дармонӣ мерасонанд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон чанде қабл гуфта буд, ки дар вилояти Хатлон, ки дорои 3 миллион ҷамъият мебошад, барои ҳар 10 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа 11 пизишк хадамот мерасонанд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон иллати камбуди пизишк дар манотиқи рустоии ин кишварро поён будани ҳуқуқ ва дастмуздҳо, мушкили хона ва набуди шароити муносиби маишатӣ барои пизишкон ва парасторон унвон мекунанд.