Равнақи пайвандсозии узвҳои бадан дар Тоҷикистон
Мақомоти беҳдошти Тоҷикистон аз таҷрибаи пайвандсозии узвҳои бадани инсон дар кишвар ситоиш карда гуфтанд, ки ин таҷриба дар маҷмӯъ муваффақиятомез донистанд ва эълом карданд, ки ин амр боиси афзоиши таваҷҷуҳи муштарёни хориҷӣ шудааст.
Тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайванд анҷом шуда, ки танҳо дар 4 маврид, марги беморон сабт шудааст.
Мавзӯи пайвандсозии узвҳо яке аз масоиле буд, ки рӯзи 11 январ дар нишасти матбуотии мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон матраҳ шуд.
Мақомоти тоҷик гуфтаанд, таҷрибаи ду соли ахири пайванди аъзо, ки бештар ба пайванди куллия марбут буда, муваффақиятомез будааст.
27 шаҳрванд аз кишварҳои Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Лубнон ва Арабистони Саудӣ барои анҷоми ин амалҳо ба Тоҷикистон муроҷиа кардаанд.
Файзалӣ Мавлонов, муовини мудири Маркази пайвандсозии узвҳои Тоҷикистон гуфт, хориҷиҳо нархи ин амалро барои худ муносиб медонанд ва ба ҳамин иллат ба Тоҷикистон омадаанд.
Мавлонов гуфт, арзиши тамоми хароҷоти амалиёт барои пайвандсозии гурда барои шаҳрвандони Тоҷикистон 47 888 сомонӣ ва пайвандсозии ҷигар 118 000 сомонӣ мебошад. Ӯ гуфт, арзиши ин амалиёт "ҳатто бо тағйир ёфтани қурби доллар дар бозор ҳам дигар нашуд".
Арзиши ин пайвандҳо ҳатто бо тағйири нархи доллар дар бозор ҳам иваз нашудааст.
Дар давоми ду соли гузашта дар Тоҷикистон 287 амалиёти пайвандсозӣ анҷом шуда, дар 4 ҳолати марги беморон сабт шудааст. Аммо бархе аз мунтақидон мегӯянд, таҷрибаи пайвандсозии узвҳо дар Тоҷикистон нав буда, на ҳама беморон ба мутахассисони ватанӣ эътимод доранд ва ҳанӯз ба анҷоми чунин амалиёти қимат дар хориҷа тарҷеҳ дода мешавад.