Рустами Эмомалӣ: Ҳар яки мо сарбози ватан ва хидматгузори мардумем
(last modified Fri, 13 Jan 2017 12:59:40 GMT )
Январ 13, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Рустами Эмомалӣ: Ҳар яки мо сарбози ватан ва хидматгузори мардумем

Шаҳрдори ҷадиди пойтахти Тоҷикистон дар аввалин рӯзи фаъолияти кории хеш дар ин мақом вазифаҳо ва аҳдофи масъулони тозатаъйини шаҳрдории Душанберо мушаххас кард.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҷадиди Душанбе дар маросими муррифии мақомоти тозатаъйини шаҳрдорӣ, таъмини муназзами сокинони пойтахт бо барқу гармӣ, таъмини амният, таҳкими қонуният, танзими хадамоти мусофирбарии шаҳрӣ, шаффофият дар раванди иҷрои буҷа, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва мубориза алайҳи фасодро аз авлавиятҳои кории хеш дар ин мақом баршумурда афзуд:  “Дар пойтахт даҳҳо масоили дигар низ вуҷуд дорад, ки ҳалли онҳо  ба талоши содиқона ва  азми росихи масъулони ҷадиди шаҳрдорӣ бастагӣ дорад”.

Рустами Эмомалӣ дар идомаи суханронии хеш афзуд, ки имрузҳо дар шаҳри Душанбе беш аз як миллион аҳолӣ зиндагӣ доранд ва ин дар ҳолест, ки зерсохтҳои пойтахт 50 соли пеш барои 400 то 500 ҳазор пешбинӣ шуда буд. Аз ин рӯ шаҳрдории ҷадиди пойтахт таъкид кард, ки шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, обу корез, роҳҳо ва муассисаҳои омузишиву фарҳангии шаҳри Душанбе ниёз ба таҷдиду бозсозӣ доранд.

Дар интиҳои ин нишаст Рустами Эмомалӣ ба ҳамкорони ҷадиди хеш таъкид кард: “Ҳар яки мо сарбози ин Ватан ҳастем ва ҳар ҷое, ки раҳбари кишвар зарур бидонанд бояд бо дасту дили пок хидматгузори мардум ва кишвари азизи хеш бошем”.

Гуфтанист, рӯзи 12-уми январ раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор ва Рустами Эмомалӣ, писари бузургашро шаҳрдори ҷадиди пойтахти ин кишвар таъйин кард.