Январ 15, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Омодагӣ ба  20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон

Комиссияи омодагӣ ба таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон ба раёсати нахуствазири ин кишвар баргузор гардид.

Ба гузориши сойти Авесто, дар ин нишаст Қоҳир Расулзода бо муҳим хондани таҷлил аз 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки ба 5 сол ҷанги дохилии хунин дар ин кишвар поён дод, хостори баргузории таҷлили бо шукӯҳ аз ин рӯз шудааст.

Бар асоси барномаи таҷлил аз 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз чанд тарҳи тавлидӣ ва иҷтимоӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва мусобиқоти варзишӣ дар назар мебошад. Дар рӯзи 27-июни соли 1997 давлати Тоҷикистон ва иттиҳоди мухолифини вақти ин кишвар дар Маскав бо имзои Созишномаи барқарории сулҳ ва оштии миллӣ ба 5 сол ҷанги хунини дохилӣ, ки мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани беш аз 300 ҳазор нафар ва оворагии наздик ба 1 миллион ҷамъияти ин кишвар гардид, поён доданд. Имзои ин созишнома пас аз 4 сол музокироти сахт миёни тарафайн ва бо миёнҷигарии Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бархе аз кишварҳои минтақа имконпазир гардид.

Аммо имсол дар ҳоле аз 20-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллии Тоҷикистон таҷлил ба амал меояд, ки тарафи дигари барқарории сулҳ ва оштии миллӣ дар ин кишвар, Ҳизби наҳзати исломӣ аз фаъолият маҳрум шуда ва теъдоди зиёде аз масъулин ва аъзои он маҳкум ба зиндон гардида ва ё ба хориҷ рафтаанд.