Январ 15, 2017 17:39 Asia/Dushanbe
  • Лағви консерти устод Давлатманд Холов дар Теҳрон

Консерти Давлатманд Холов дар ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр” дар Теҳрон лағв шуд.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии Ситоди ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр”, устод Давлатманд Холов, ки пеш аз ин қарор буд чаҳоршанбеи 29-и даймоҳ, баробар бо 18-уми январ дар толори “Ваҳдат”, дар Теҳрон ба рӯйи саҳна биравад, ба сабаби мушкили қалбиву мағзӣ дар бемористоне дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуд ва иҷрои барномаи ӯ дар Теҳрон лағв гардид.

Ситоди сивудувумин ҷашнвораи мусиқии “Фаҷр” эълом кардааст, аз тариқи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон пайгирии вазъияти ҷисмонии ин ҳунарманди бузург ҳаст ва барои эшон беҳбудӣ ва саломатӣ орзӯ дорад.

Давлатманд Холов, мусиқи‌дон, навозанда ва хонандаи тоҷик ва устоди мусиқии маҳаллии ҷануби Тоҷикистон аст, ки “фалак” ном дорад.

Вай, ки “шашмақом”-ро дар Консерваторияи мусиқии Душанбе омӯхтааст, дар навохтани дутор, ғижак ва сетор, ки аз созҳои машҳури ин минтақа ҳастанд, шӯҳрат дорад.

Чанд албом аз гузидаи корҳои ӯ дар Эрон мунташир шудааст.

Ҷашнвораҳои ҳунарии “Фаҷр” ҳар сол дар моҳҳои январ ва феврал ба муносибати фаро расидани солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар саросари Эрон баргузор мешавад.