Январ 17, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шеваи савганди аъзои ҳукуматро таъйид кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қароре шеваи савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистонро таъйид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо имзои қароре шеваи савганди аъзои ҳукумати Тоҷикистонро таъйид ва иҷрои ин маросим ва назорат бар онро ба ӯҳдаи Озода Раҳмон, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии ин кишвар вогузор кард.

Бар асоси ин қарор, савганди аъзои ҳукумат дар Қасри Миллат ва дар маросими расмӣ баргузор мешавад ва теъдоди ширкаткунандагонро Эмомалӣ Раҳмон муайян хоҳад кард.

Бар асоси ин қарор, аъзои ҳукумат дар муқобили парчами Тоҷикистон ва парчами вижаи раёсати ҷумҳурӣ, даст бар Қонуни Асосӣ мегузорад ва дар муқобили раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо садои баланд савганд ёд мекунад.

 Баргаи савганди ҳар узви ҳукумат дар парвандаи кории вай ҳифз мешавад.

Дар пайи ислоҳи қонун "Дар бораи ҳукумат ва вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон" дар моҳи июни соли гузашта, аъзои ҳукумати ин кишвар муваззаф шуданд ба номи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кунанд то барои тавсеаи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварашон содиқона хидмат кунанд.

 

Барчасп