Роҳи беҳбуди вазъи иқтисоди Тоҷикистон чист?
(last modified Tue, 02 Aug 2016 16:07:30 GMT )
Август 02, 2016 21:07 Asia/Dushanbe

Масъулони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯянд, тарҳеро ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки бар асоси он бояд то соли 2020 ин кишвар аз кишвари масрафкунанда ба кишвари тавлидкунанда табдил шавад.

Умеди Давлатзод, муовини ин вазоратхона муътақид аст, барои тағйири авзои иқтисодии Тоҷикистон бояд модели рушди иқтисодии ин кишвар тағйир кунад. Иқтисоддонони дохилӣ низ иллати буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистонро набуди тавлидоти дохилӣ ва вобастагии шадиди иқтисоди ин кишвар ба пули муҳоҷирони корӣ медонанд.

Ҷузъиёти бештар дар бораи ин мавзуъро дар гузориши вижаи ҳамкорамон Беҳрӯзи Саидхоҷа аз Душанбе бишунавед.