Январ 18, 2017 19:46 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия

Манобеи туркӣ хабар додаанд, ки дар ҷараёни як амалиёт дар вилояти Бурса аз 7 манзили маскунӣ, дар маҷмӯъ, 27 нафар, аз ҷумла 15 зан ҳамроҳ бо 29 кӯдаки онҳо дастгир шудаанд.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, матбуоти Туркия навиштаанд, дар як амалиёт дар вилояти Бурса аз 7 манзил 27 нафар ба итиҳоми ҳамкорӣ бо ДИИШ ҳамроҳ бо 29 кӯдак дастгир шудаанд. Ин манзилҳоро ду шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳамдастони худ иҷора гирифта будаанд.

Манобеи нашрияи туркии "Hurriyet” дар пулис гуфтаанд, ки дар байни боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Чин ҳастанд. Бино ба гузоришҳои нашршуда дар матбуоти Туркия, аз яке аз ин манзилҳои марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон пулис 40 шиносномаи қалбакӣ, 30 санади тасдиқкунандаи шахсият ва 15 телефони мобилӣ пайдо кардааст.

Боздошти ин 27 нафар бо гумони ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҳолест, ки пулиси Туркия ду рӯз пеш аз боздошти гумонбари асосӣ дар анҷоми ҳамлаи хунини шаби Соли Нав дар шаҳри Истанбул хабар дод. Дар хамин хол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки Туркия дар се соли охир ҳудуди 100 шаҳрванди тоҷики роҳии Сурияву Ироқро ба Тоҷикистон баргардондааст.