Январ 20, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар пайи ҳодисаи сохтмони “Пласко” дар Теҳрон

Дар пайи ҳодисаи оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани бурҷи “Пласко” дар шаҳри Теҳрон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии исломии Эрон, бо давлату миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин паём таъкид кардааст, хабари ҷон бохтану садама дидани теъдоди зиёде аз мардум бар асари фурӯ рехтани сохтмони як маркази тиҷорӣ дар пойтахти Эрон боиси андӯҳи амиқ шуд.

Раҳмон дар ин паёми худ зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи қурбониёну таслият ба мардуми Эрон, аз Худованди мутаол барои ҳамаи хонаводаҳои бозмондагон ва низ осебдидагони ин ҳодиса сабри ҷамилу шифои комил орзӯ кардааст.

Сохтмони тиҷории қадимӣ, мавсум ба сохтмони “Пласко” дар маркази Теҳрон дирӯз (панҷшанбе) бар асари оташсӯзӣ фурӯ рехт.