Январ 21, 2017 14:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури беш аз 10 ҳазор шибҳинизомӣ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, беш аз 10 ҳазор шибҳинизомӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузур дорад.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, бо назардошти вазъи печида дар Афғонистон теъдоди шибҳинизомиёнро дар минтақаи марзӣ дақиқ кардан номумкин аст, аммо тахминан теъдоди онҳо ба 10-15 ҳазор нафар мерасад ва ин вазъият барои Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, бо вуҷуди вазъи бисёр душвору печида дар Афғонистон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо мақомоти Ҳукумати Афғонистон ҳамкории наздик дорад ва минтақаи марзӣ таҳти контроли комил аст. Раҳимзода ҳамчунин аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар суфуфи гурӯҳҳои террористӣ дар хоки Афғонистон хабар дод.

 

Барчасп