Январ 25, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Узбакистон дар бахши роҳи оҳан

Муовини Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои афзоиши ҳамкориҳо дар бахши роҳи оҳан бо Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши Спутник, Усмон Қаландаров дар нишасти хабарии масъулони роҳи оҳани Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки ба Узбакистон дар бораи азсаргирии ҳаракати қаторҳои мусофирбарӣ ва борӣ байни вилоятҳои Хатлон ва Сурхондарё, коҳиши ҳазинаҳои транзитӣ ва сохти хатти нави роҳи оҳан миёни ин ду кишвар бидуни қаламрави Туркманистон пешниҳодоте ироа шудааст.

Муовини Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон таъкид кардааст, ки музокирот бо ҳамтоёни узбакистонӣ, дар мавриди тармим ва бозсозии шохаи роҳи оҳани ҷануб, ки дар соли 2012 ба таври якҷонба аз сӯи давлати Тошканд баста шуда буд, идома дорад.

Мақомоти Узбакистон дар соли 2012 бо кандани ин қисмат аз роҳи оҳан амалан иртиботи роҳи оҳани вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо хориҷ қатъ карданд.

Ба гуфтаи Қаландров, Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин музокира дар бораи сохти роҳи оҳани нав ба Русия бидуни вуруд ба қаламрави Туркманистонро идома медиҳанд.

Вай афзуд: Ин тарҳ фосилаи Тоҷикистон ба Узбакистон ва Қазоқистонро кӯтоҳ мекунад ва бидуни ниёзи вуруд ба қаламрави Туркманистон мустақим ба роҳи оҳан Русия пайваст мешавад.

Ҳамакнун қаторҳои Тоҷикистон бо гузар аз хоки Узбакистон вориди Туркманистон мешаванд ва аз ин кишвар ба Қазоқистон ва Русия ҳаракат мекунанд, ки 3 шабонарӯз тӯл мекашад.

 

Барчасп