Талафоти ҷонӣ бар асари резиши тарма дар Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагон дархост кард, ки бидуни зарурат ва иҷозаи мақомоти бозрасии давлатӣ аз сафар ба манотиқи куҳистонии ин кишвар худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 28 январ бар асари резиши тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва дигар роҳҳои ин кишвар 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Аз ин рӯ, Худоёр Худоёрзода-вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ишора ба идомаи бориши барф ва резиши тарма дар ҷодаҳо аз ронандагони нақлиёти умумӣ хост, ки бидуни огоҳӣ ва мувофиқа бо масъулони бозрасии давлатӣ ва вазорати нақлиёт аз сафар ба манотиқи куҳистонӣ худдорӣ намоянд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар идома афзуд, ки бо ҳадафи ҷо ба ҷойии мусофирон теъдоди парвози ширкатҳои ҳавоии дар масири Душанбе-Хуҷанд афзойиш ёфта ва афроде, ки зарурат доранд аз ин тариқ ба хуҷанд сафар намоянд.
Ширкати irs низ бо судудри иттилоияе зимни ибрози таслият ба хотири даргузашти теъдоде аз ҳамватанон дар ин масир бо ишора ба идомаи боришоти шадид ва резиши тарма мардумро аз сафар дар ин масир ҳушдор додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ эълом кардааст, ки бар асари резиши 50 тарма дар манотиқи гуногуни ҳошроҳи Душанбе Хуҷанд масдуд аст ва кормандони ин кумита муваффақ шудаанд, ки 800 мусофирро аз инҳисори тарма наҷот дода 50 мошини боркаш ва 150 мошини сабукрав низ ба ҷойи бехатар мунтақил шудаанд.
Ҳамчунин се милиса аз нигаҳбонони тунели анзоб низ зери тарма монда, ки ду нафари онон наҷот ёфта як тани дигар ҷони худро аз даст додааст.
Резиши тарма дар роҳи Бадахшон ва водии Рашт низ идома дорад ва бориши сангини барф кори роҳсозонро ба мушкил гирифтор кардааст, аз ин рӯ мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз талафоти ҷонӣ аз мардуми ин кишвар хостаанд, ки то замони мусоид аз сафар ба манотиқи куҳистонӣ худдорӣ намоянд.