Пойбандии Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи парвозӣ бо Русия
(last modified 2017-01-31T05:55:20+00:00 )
Январ 31, 2017 10:55 Asia/Dushanbe
  • Пойбандии Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи парвозӣ бо Русия

Тоҷикистон ба тааҳҳудоти худ дар тавофуқи ахир бо Русия барои азсаргирии парвозҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар амал мекунад.

Ба гузориши “Спутник”, Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки кишвараш ба тафоҳумномаи азсаргирии парвозҳои мусофирӣ бо Русия, ки дар нишасти ахири комиссияи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар Душанбе имзо шуд, пойбанд аст ва бар асоси ҷадвали ҷадиди парвозҳо фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи Ганҷалзода, бар асоси тавофуқи суратгирифта, тарафи русӣ мамнуияти парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон эйр"-и Тоҷикистонро лағв кардааст ва ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия аз фурӯдгоҳи ҷадиди Жуковский дар атрофи Маскав парвозҳои худ ба Тоҷикистонро аз сар мегирад.

Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, ду тараф ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки бо оғози баҳор ва афзоиши сафари коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба Русия, ду парвози дигар ба ҷадвали парвозҳои Тоҷикистон ва Русия афзуда шавад.

Ихтилоф миёни Душанбе ва Маскав бар сари теъдоди парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия, ки аз авохири моҳи декабри соли гузаштаи 2016 буруз кард, ҳафтаи қабл дар нишасти комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар дар Душанбе ҳаллу фасл шуд.

Шералӣ Ганҷалзода дар замони авҷи ихтилоф миёни Маскав ва Душанбе вазири нақлиёти Тоҷикистон буд.

 

Барчасп