Барканории қозии додгоҳ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми фасод
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон як қозии додгоҳро аз мақомаш барканор кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзозода Ғайбуллоҳ Азизуллоҳ, қозии Додгоҳи ноҳияи Нурободро аз мақомаш барканор кард.
Гуфта мешавад, ин қозӣ ба иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ барканор шудааст.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар фармони худ барои барканории ин қозӣ баён кардааст, Мирзозода Ғайбуллоҳ Азизуллоҳ ба иллати нақзи қонунҳо дар раванди баррасии парвандаҳо аз мақомаш барканор мешавад.
Барканории қозии Додгоҳи ноҳияи Нуробод дар ҳоле аст, ки ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Абдулҳаким Алимов, қозии пешини ин ноҳия низ се соли пеш ба иттиҳоми дарёфти ришва аз сӯйи Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуд.
Бар асоси қонун, дар Тоҷикистон қозиҳои додгоҳ аз сӯйи раиси ҷумҳурии ин кишвар таъйин ва барканор мешаванд.