Хоруғ дар муҳосираи барф
Шаҳри Хоруғ маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон аз 4 шабонарӯз аст, ки дар муҳосираи барф қарор дорад.
Ба гузориши сайти Азия-плюс, ба сабаби бориши бесобиқаи барф ва резиши тарма, талоши неруҳои имдод ва наҷот барои бозкушоии роҳи Душанбе – Хоруғ ва масирҳои дохилии вилояти Бадахшон аз 4 рӯз пеш то кунун бенатиҷа мондааст.
Сарозер шудани тарма дар 116 минтақа дар масири 500-километрии Душанбе – Хоруғ ва роҳҳои дохилии вилояти Бадахшон кори идораҳои роҳдориро бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ кардааст.
Бо ин ҳол бо талоши созмонҳо ва идораҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дастрасии мардум ба барқ, об ва соири хидматрасониҳои шаҳрӣ ва фаъолияти марказҳои тавлидӣ ва бозорҳо идома дорад.
Аз сӯи дигар ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон роҳи Душанбе – Хуҷанд, ки бар асари бориши барфи зиёд ва сарозер шудани тарама баста шуда буд, ба таври маҳдуд боз шудааст ва васоили нақлия рӯзҳо ба сурати яктарафа дар ин масир ҳаракат мекунанд.
Дар рӯзҳои гузашта дар пайи бориши барфи зиёд ва сарозер шудани тарма дар масирҳои Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ ҳафт тан ҷон худро аз даст доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар хостааст, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъияти обу ҳаво аз сафарҳои ғайризарурӣ дар роҳҳои кӯҳистонии кишвар ва ба вижа рафтуомад дар масирҳои Душанбе – Хуҷанд, водии Рашт ва вилояти Бадахшон худдорӣ кунанд.