Феврал 02, 2017 09:55 Asia/Dushanbe
  • Коршинос: Фарҳанги миллӣ ва исломии тоҷикон ғайри қобили ҷудоӣ аст

Бо гарм шудани баҳси ҳиҷоби исломии бонувон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар пайи ибрози назари ахири раиси Кумитаи давлатии умури занон ва хонаводаи Тоҷикистон, ки ҳиҷоби исломиро “фарҳанги бегона” унвон кард, коршиноси тоҷики муқими Русия бо маҳкум кардани ин мавзеъгирӣ, фарҳанги миллӣ ва исломии тоҷиконро ғайри қобили ҷудоӣ арзёбӣ кард.

Ба гузориши сойти Спутник, Абдуллоҳ  Давлатов гуфтааст, ки кишваре, ки бо эъломи тазмини озодии эътиқоди шаҳрвандони хеш, вуруди писарони то 18 сол ба масоҷид ва доштани ҳиҷоби исломии бонувонро мамнӯъ мекунад, нақзкунандаи ҳуқуқи башар мебошад.Вай таъкид кардааст, ки тоҷикон асрҳои зиёде бо қонунҳои Ислом зиндагӣ кардаанд ва талош барои ҷудоӣ андохтан ба баҳонаи фарҳанги миллӣ ва эътиқодоти динии ин миллат, ғайри қобили пазириш мебошад. Аз ин рӯ, барои давлати Тоҷикистон беҳтар аст, ки ба ҷои ситез бо арзишҳои эътиқодии мардум ба думболи фароҳам кардани шароити зиндагии матлуб барои шаҳрвандони хеш бошад.Зеро тақлид аз фарҳанги вайронгаронаи Ғарб ҳеҷ нафъе барои мусулмонон надорад ва баланд бардоштани сатҳи маърифати исломии мардуми Тоҷикистон, мӯҷиби беҳбӯди фазои маънавии ҷомеа ва коҳиши ҷурму ҷиноят дар Тоҷикистон мегардад.Чанд рӯз қабл Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе муддаӣ шуд, ки ҳатто доштани рӯсриҳои бузурги суннатӣ, ки занони тоҷик барои пушондани қисматҳое аз сар ва гардани худ истифода мекунанд, либоси миллии бонувони ин кишвар нест ва таблиғи фарҳанги бегона аст.