Феврал 03, 2017 21:14 Asia/Dushanbe
  • Таъқиби ҷиноӣ алайҳи фарзанди муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон хотима ёфт

Додситонии кулли Тоҷикистон аз манъи таъқиби Фаромарз Саидов, фарзанди Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири ин кишвар хабар дод.

Шариф Ҳабибуллоев, масъули Раёсати назорати полиси Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз гуфт, парванда алайҳи Фаромарз Саидов дар робита ба тасодуфи маргбор қатъ шудааст.

Вай афзуд, дар пайи баррасии парвандаи ин ҳодиса, мушаххас шуд, ки тасодуф ба иллати нақси фаннии мошин рух додаву таъқиби ҷиноии Фаромарз Саидови 23- сола, писари Давлаталӣ Саидов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон мутаваққиф шудааст.

Сониҳаи маргбори мошини Фаромарз Саидов, ки шаби 10-уми сентябри соли гузаштаи мелодӣ дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон рух дод, ду кушта барҷой гузошту худи Фаромарз Саиддов бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуд.