Тааҳҳуди Тоҷикистон ҷиҳати пардохти қазри “Сангтӯда-2”
Сухангӯи Ширкати "Барқи тоҷик" ҷиҳати пардохти қарзи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.
Ба гузориши ИРНА, Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи Ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, қарзи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" бар асоси барнома ва тавофуқнома ба Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт хоҳад шуд.
Мирзо Исмоилов, раиси Ширкати "Барқи тоҷик", ахиран, гуфта буд, ки ба хотири ба мавқеъ пардохт нашудани пули барқ аз сӯйи шаҳрвандон онҳо натавонистаанд ҳудуди 69 миллион доллар қарзи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2"-ро саривақт пардохт кунанд. Ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", ки 75 дарсади саҳмияҳояш мутааллиқ ба Русия аст, низ ҳудуди 92 миллион доллар қарздор аст.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-2” бо тавлиди 220 мегаватт, яъне як миллиард киловатт/соат нерӯи барқ аз ҷониби Эрон дар Тоҷикистон сохта шудааст. Ин нерӯгоҳ баъд аз нақби "Истиқлол" дар ағбаи Анзоб дувумин тарҳи бузурги Эрон дар ин кишвар аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон аз панҷ шарики муҳими тиҷории Тоҷикистон дар байни кишварҳои хориҷӣ аст.