Феврал 06, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури дохилаи Русия хостори ихроҷи коргарони муҳоҷири бидуни иҷозатнома шуд

Мақомоти Вазорати умури дохилаи Русия тарҳеро ироа кардаанд, ки бар асоси он, коргарони муҳоҷири хориҷии бидуни иҷозатнома ва созишномаи кор бо корфармоён бояд аз қаламрави Русия ихроҷ шаванд.

Ба иттилои Спутник, мақомоти Вазорати умури дохилаи Русия қасд доранд, бо ислоҳи қонуни муқаррароти ҳузури атбои хориҷӣ дар қаламрави Русия он идда аз коргарони муҳоҷири хориҷиро, ки бидуни доштани иҷозатнома ва созишнома бо корфармоён фаъолият мекунанд, ба ҷуз шаҳрвандони Беларус ихроҷ кунанд .

Коршиносони умури муҳоҷират ин иқдомро эъмоли маҳдудияти ҷадид барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия арзёбӣ кардаанд, аммо Вадим Коженов, раиси Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия муътақид аст, ки ин тарҳ то андозае ба нафъи муҳоҷирон аст, зеро заминаи дифоъ аз ҳуқуқи онон дар баробари нақзи ҳуқуқашон ва ҳалли ихтилофи онон бо корфармоёни русро фароҳам месозад.

Ба гуфтаи Коженов, мавориди зиёде аз сари вақт пардохт нашудани дастмузди коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки бидуни доштани иҷозатнома ва созишнома бо корфармоён фаъолият мекунанд, мушоҳида мешавад, аммо ҳеч асноди ҳуқуқӣ барои дифоъ аз ҳаққи ин афрод дар додгоҳҳо вуҷуд надорад .

Вай афзуд: Аз ҷумлаи ин маворид метавон ба фаъолияти 600 коргари муҳоҷири хориҷӣ дар Ширкати сохти метрои Маскав ишора кард, ки шаш моҳ аст, маоши худро дарёфт накардаанд ва ахиран нерӯҳои полис ба баҳонаи баррасии ҳузури қонунии ин афрод, ба далели набуди асноду мадорик ва иҷозатнома 120 нафар аз ин коргаронро ихроҷ кардаанд .

Коженов гуфт, дар додгоҳ аз ҳуқуқи ин коргарони муҳоҷир дифоъ мекунад .

Аз сӯи дигар Суҳроб Тошев, коршиноси умури муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта теъдоди шаҳрвандони ин кишвар, ки ба Русия барои кор рафтаанд, дар муқоиса бо соли қабл 10 дарсад коҳиш ёфтааст .

Бар ин асос, 441 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар соли 2016 ба Русия рафтаанд, ки беш аз 333 ҳазор нафар аз онон ба дарёфти иҷозатномаи кор дар ин кишвар иқдом кардаанд .

Дар мавриди дарёфти иҷозатномаи кор дар Русия низ дар соли гузашта дар муқоиса бо соли қабл аз он атбои Тоҷикистон 12 дарсад камтар дархост додаанд .