Феврал 06, 2017 18:26 Asia/Dushanbe
  • Имзои санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қатар

Тоҷикистон аз сармогузорони Қатарӣ хост, ки дар бунёди зербиноҳои ин кишвар ширкат кунанд.

Бар асоси гузориши дафтари матбуотии Раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар ҷараёни дидори худ бо сармоядорон, намоядагони бахши хусусӣ ва институтҳои молии Қатар аз онон даъват кардааст, ки дар бахшҳои судовари иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Бунёди иншооти бузургу миёна дар бахши энержӣ, санъат, мухобироту нақлиёт ва рушди инфрасохтори бахши сайёҳиро аз муҳимтарин бахшҳои қобили сармоягузорӣ дар кишвараш донистааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни ин дидор ҳамчунин сармоягузорӣ дар бахшҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сангҳо ва металлҳои қимматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати сабуку хӯрокворӣ, содироти оби нӯшокӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти тару тоза ва нахи пахтаро аз бахшҳои судовар барои сармоягузорӣ арзёбӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома зимни тавҳези қавонин ва муқаррароти Тоҷикистон барои рушди бахши хусусӣ таъкид кардааст, ки давлати Душанбе ҷиҳати равнақи сармоягузорӣ дар ин кишвар дар самти пардохти молиёт ва асноди ҳуқуқиву меёрӣ, 250 номгӯи имтиёзу сабукӣ барои сармоягузорони хориҷӣ дар назар гирифтааст.

Бар асоси иттилои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳ соли охир беш аз 6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ин кишвар   ҷалб шудааст.

Давлати Тоҷикистон ахиран бо тасвиби тарҳи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди зерсохтҳои иқтисодӣ қасд дорад ин кишварро ба як кишвари санъатӣ табдил кунад.

Гуфтанист дар анҷоми ин мулоқоти муҳим имкониятҳои дигари иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон низ ба таври муфассал муаррифӣ гардида, ҳамчунин Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни биржаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар ба имзо расидааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомали Раҳмон –раиси ҷумҳури Тоҷикистон рузи 5-уми феврал дар раъси як ҳайтаи баландпоя ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ озими Қатар шуда буд.