Феврал 10, 2017 20:52 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико дар 25 солагии равобити ду кишвар

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амрико дар паёмҳои мутақобил, 25- умин солгарди равобити дипломатӣ байни ду кишварро табрик гуфтанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Трамп бо табрики 25-умин солгарди равобити дипломатии Тоҷикистон бо Амрико гуфтааст, Тоҷикистон Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва аз раванди рушд ва таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории васеъи ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, башардӯстона , иҷтимоӣ ва амниятӣ ва низомӣ ибрози ризоят мекунад.

Дар паёми Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон низ омадааст, Иёлоти муттаҳидаи Амрико аз якпорчагии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он ва низ аз талошҳои Тоҷикистон барои шукуфоӣ ва иттиҳоди Осиёи Марказӣ, ҳимоят мекунад.

Трамп бо бузургдошти 25- солагии ҳамкории зназдики Душанбе – Вашингтон тасреҳ кардааст, дар оғози маъмуриятам умедворам, ки эҳтироми мутақобил байни ду кишвар ва садоқат дар пешбурди аҳдофи муштарак, дар заминаи амният ва суботи минтақаӣ идома ёбад.

 

Барчасп