Феврал 11, 2017 12:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо раиси парлумони Чехия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Ян Ҳамачек, раиси парлумони Чехия дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин дидор дарнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чехия, равобити байнипарлумонӣ баррасӣ ва таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносиботи Чехия, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи равобити байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосе дорад. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо ибрози ризоят аз раванди густариши равобити сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ва Чехия афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои илму фанноварӣ, энержӣ, сайёҳӣ ва кишоварзиро хостор шуд. Мубориза алайҳи терроризм, ҷиноёти фаромарзӣ ва ширкати фаъол дар раванди беҳбуд бахшидани вазъи сиёсию низомии Афғонистон аз дигар меҳварҳои гуфтугӯ миёни раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси парлумони Чехия буд.

Ҳамчунин раиси парлумони Чехия бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дидор ва ба тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар таъкид кардаанд.

Ян Ҳамачек, раиси парлумони Чехия субҳи 10 феврал дар сафари расмӣ вориди Душанбе шуд.

Тоҷикистон пас аз истиқлол аз Иттиҳоди Шӯравӣ, 5-уми июн соли 1992 равобити дипломатиии худро бо Чехия ба роҳ монд. Бо гузашти беш аз ду даҳаи равобити мутақобил миёни Тоҷикистон ва Чехия то кунун ҳеҷ яке аз ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар сафорат таъсис надодаанд.

 

Барчасп