Арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13452-Арзҳои_хориҷӣ_дар_Тоҷикистон_гарон_шуд
Қимати арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ин ҳафта афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 15, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон гарон шуд

Қимати арзҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ин ҳафта афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши бонкҳои Тоҷикистон, миёнгини қимати фурӯши як доллари амрикоӣ дар бозори имрӯз ҳудуди 8 сомонӣ, ҳар евро баробар бо 8 сомонию 45 дирам ва ҳар рубли русӣ ҳудуди 14 дирам будааст.

Озодагон ҳам навишт, ки Бонки Эсхата дар Душанбе имрӯз арзиши ҳазор рубли русиро 139 сомонӣ муайян кардааст, ки 5 сомонӣ аз ибтидои моҳ бештар аст. Ҳамчунин қимати як доллари амрикоӣ 7 сомонию 98 дирам эълом шуда, ки 3 сомонӣ гаронтар аз ҳафтаи гузашта аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз арзиши як рублро ҳудуди 14 дирам ва як долларро 7 сомонию 91 дирам муқаррар ва арзиши як евроро 8 сомонию 41 дирам эълом кардааст.

Бонки Милии Тоҷикистон низ ҳушдор додааст, ки анҷоми ҳар гуна амалиёти бонкии хориҷ аз дафтарҳои расмии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хадамоти бонкӣ, марказҳои интиқоли пул ва худпардозҳо мамнӯъ аст ва риоят накардани ин муқаррарот қонуншиканӣ маҳсуб мешавад.