Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Туркия дидор кард
(last modified Fri, 17 Feb 2017 15:40:18 GMT )
Феврал 17, 2017 20:40 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Туркия дидор кард

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини нахуствазири Туркия масоили мухталифи дуҷонибаву чандҷониба, аз ҷумла масоили иқтисодӣ, таъмини амнияту мубориза бо ифротгароиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зуҳри имрӯз (ҷумъа) Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туғрул Туркеш, муовини нахуствазири Туркия бо якдигар дар Душанбе дидор карданд.

Тарафайн дар ин дидор масоили мухталифи дуҷонибаву чандҷониба, аз ҷумла масоили иқтисодӣ, таъмини амният ва мубориза бо ифротгароиро мавриди баҳсу табодули назар қарор доданд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини нахуствазири Туркия дар ин дидор дар бораи идомаи раванди мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм табодули назар карда ва бар аҳамияти ҳамгиройӣ байни Душанбеву Истанбул дар мубориза бо ин падидаи байналмилалӣ ва дигар ҷиноёти фаромарзӣ таъкид карданд.

Раҳмон ва Туғрул Туркеш дар ин дидор бо ишора ба 25 -солагии равобити 2 кишвар ва имзои 60 санади расмӣ байни Душанбеву Истанбул дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмиву фарҳангӣ таъкид карданд: “бо вуҷуди буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳаҷми мубодилоти тиҷории 2 кишвар коҳиши чашмгире надоштааст”.

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Туркия дар соли 2015 мелодӣ ҳудуди 650 миллион доллар буда, ки соли гузашта ба иллати буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Туркия то 350 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Дар соли 2016 содироти умдаи Тоҷикистон ба Туркия алюминиюм, пахта ва меваи хушк буд.

Ҳамчунин ҳаҷми сармоягузории Туркия дар иқтисоди Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф, аз қабили тавлиди маҳсулоти пластикӣ, маҳсулоти ғизоӣ, ранг, фарш ва мебел афзоиш ёфтааст.