Феврал 18, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири умури хориҷии Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Салоҳуддин Рабонӣ, вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, дар ин дидор, ки субҳи имрӯз дар Қасри Миллат баргузор шуд, муҳимтарин масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла ширкати фаъоли ду кишварро дар тарҳҳои бузурги минтақаӣ, бунёди роҳи оҳан ва хутути интиқоли нерӯ баррасӣ шуд. Ду тараф ҳамчунин ба зарурати баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо, тақвияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, илму фанноварӣ ва фарҳангу афзоиши ҳамкорҳои байни вилоятҳову навоҳии марзи ду кишвар таъкид карданд. Ҳамгироӣ дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳифзи марзҳои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла мавзӯи гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Салоҳуддин Раббонӣ буд.

Салоҳуддин Рабонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон 15 феврал ба даъвати ҳамтои тоҷикаш ба Душанбе сафар ва бо Сироҷуддин Аслов ва низ раиси парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп