Арзёбии авзои кӯли Сарез дар саду шашумин солгарди падид омадани он
(last modified Mon, 20 Feb 2017 08:00:50 GMT )
Феврал 20, 2017 13:00 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии авзои кӯли Сарез дар саду шашумин солгарди падид омадани он

Дар саду шашумин солгарди падид омадани кӯли Сарез, донишманд рус гуфт, бо як тарҳи се марҳалаӣ метавон аз тахриби ин кӯл пешгирӣ кард.

Ба иттилои Спутник, кӯли Сарез шаби 17 ба 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи шадид ва резиши кӯҳпора бар сари роҳ руди Мурғоб падид омадааст, ки донишмандон дар саду шашумин солгарди ин ҳодиса, авзои кӯлро мутафовит арзёбӣ мекунанд .

Леонид Папирин, донишманди зилзилашиноси рус, ки солҳои зиёде таҳаввулоти марбут ба авзои кӯли Сарезро баррасӣ мекунад, барои ҷилавгирӣ аз тахриби ин кӯл тарҳе се марҳалаӣ ироа кардааст .

Дар тарҳи Папирин барои коҳиши оби захирашуда дар пушти сарбанди кӯли Сарез бояд нахуст як нерӯгоҳи барқӣ-обӣ бо зарфияти 80 мегаватт болотар аз ин сарбанд сохта шавад, то иртифои об аз 505 метри феълӣ ба 40 то 50 метр коҳиш ёбад .

Дар ду марҳалаи баъд низ бо сохти ду нерӯгоҳи барқӣ-обии дигар поинтар аз кӯли Сарез ва нақбҳои сегона метавон оби хориҷшуда аз кӯлро ба масирҳои инҳирофӣ кашонд, то дигар хатари тахриби сарбанди аслӣ бар асари зилзила боқӣ намонад .

Тарҳҳои пешниҳодшуда барои бехатар кардани кӯли Сарез ва истифода аз оби он ниёз ба сармоягузории калон дорад, аммо дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи чандоне ба ин мавзуъ нишон намедиҳанд .

Донишмандон дар бораи хатари тахриби сарбанди кӯли Сарез бар асари зилзилаи шадиди эҳтимолӣ ду дидгоҳи мутафовит доранд .

Гурӯҳи нахуст муътақиданд, тахриби эҳтимолии сарбанди ин кӯл равон шудани оби пушти он, зиндагии шаш миллион нафар аз сокинони Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистонро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ мекунад .

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи дуввум таъкид доранд, токунун дар паи ҳаводиси табиӣ аз ҷумла зилзилаҳои шадид тағйире дар баданаи сарбанди кӯли Сарез мушоҳида нашудааст ва дар охирин маврид, ин сарбанд заминларзае бо қудрати беш аз ҳафт рихтерро дар авоили моҳи декабри соли 2015 ба хубӣ аз сар гузаронд .

Кӯли Сарез бо умқи 505 метр, дарозии беш аз 50 километр ва арзи севу ним километр дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон акнун 90 дарсад аз оби рудхонаи Амударёро таъмин мекунад .