Лағви парвози “Сомон Эйр” ба Тошканд
Феврал 20, 2017 20:14 Asia/Dushanbe
Ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон мегӯяд, ки парвози ҳавопаймои мусофирбарии ин ширкат ба шаҳри Тошканд, ки қарор буд имрӯз 20 феврал анҷом шавад, лағв шудааст.
Ширкати “Сомон Эйр” бо нашр як баёния эълом кард, бо вуҷуди он ки иҷозаи парвоз ба Тошкандро доштааст, аммо фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Тошканд эълом кардааст, барои пазируфтани ҳавопаймои Душанбе омода нест.
Ҳамкорамон Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе гузориш медиҳад: