Сабабҳои боло рафтани арзиши доллар дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i13680-Сабабҳои_боло_рафтани_арзиши_доллар_дар_Тоҷикистон
Тайи рӯзҳои ахир арзиши доллар дар баробари сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон раванди афзоишӣ доштаву муҷиби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2017 08:38 Asia/Dushanbe
  • Сабабҳои боло рафтани арзиши доллар дар Тоҷикистон

Тайи рӯзҳои ахир арзиши доллар дар баробари сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон раванди афзоишӣ доштаву муҷиби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, фурӯши доллар дар марокизи бонкиву молии Тоҷикистон ахиран ба шиддат коҳиш ёфтааст, ки ин мавзӯъ заминаи боло рафтани арзиши ин навъи арзро дар ин кишвар фароҳам кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки дар аввалҳои моҳи феврал як доллар дар баробари 7 сомониву 90 дирам то 7 сомониву 93 дирам хариду фурӯш мешуд, аммо акнун 8 сомониву 40 то 60 дирам муомила мешавад.

Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки дар бозорҳои Тоҷикистон низ ба баҳонаи афзоиши арзиши доллар ва ин ки умдаи колоҳову маҳсулоти кишварҳои хориҷӣ бо ин навъи арз ворид мешавад, ба боло бурдани қимати маводи ғизоӣ иқдом кардаанд.

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон иллати афзоиши арзиши доллар тайи рӯзҳои ахир дар ин кишварро тақозои зиёд барои хариди он ва коҳиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия унвон мекунанд.

Аз ин рӯ, фурӯши доллар дар марокизи бонкиву молии Тоҷикистон ахиран ба шиддат коҳиш ёфтаасту кормандони ин марокиз аз набуди доллар хабар медиҳанд.

Қаблан иқтисоддонони тоҷик дар бораи эҳтимоли афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додаву иллати онро коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ва ночиз будани мизони содироти маҳсулот эълом карда буданд.

Давлати Тоҷикистон аз соли 2016 ба манзури ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати арзҳои хориҷӣ ва коҳиши арзиши сомонӣ саррофиҳоро баста ва муомилоти арзро танҳо дар марокизи бонкиву молии ин кишвар қонунӣ эълом карда буд.