Март 01, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси ЭКО; Эмомалӣ Раҳмон вориди Исломобод шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО вориди Исломобод пойтахти Покистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар вазирони умури хориҷа, энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва тиҷорат ва мушовирони вай ҳамроҳӣ мекунанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин нишаст дар бораи ҳамкории кишвараш бо соири аъзои Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО, зарурати мушорикати фаъолтари ин созмон дар тарҳҳои муҳими энержӣ ва ҳамлу нақли минтақаӣ суханронӣ хоҳад кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти Исломобод низ бо сарони дигар кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО дидор хоҳад кард.

Гуфтугӯ бо мақомоти Афғонистон ва Покистон дар бораи раванди иҷрои тарҳи интиқоли барқи КАСА 1000 аз дигар барномаҳои Раҳмон дар сафар ба Исломобод аст.

Кишварҳои Эрон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ҳастанд.