Март 02, 2017 20:24 Asia/Dushanbe

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар нишасте мавзӯи мубориза бо фасодро дар ин ниҳод баррасӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, Ожонси мубориза зидди фасоди Тоҷикистон гузориш додааст, ки дар соли 2016, 145 мавриди фасоди молӣ аз сӯйи кормандони низомӣ ва интизомии ин кишвар кашф шуда, ки 57 мавриди он ба маъмурони полис марбут аст.

Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони полис  изҳори нигаронӣ намуда, нисати бархе аз роҳбарони ниҳодҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба фасод задаанд, муҷозоти интизомӣ таъин кардааст.

 Гузориши Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ аз Душанбе.